Муҳсин Муҳаммадиев-ситораи футболи тоҷик даргузашт
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик, устоди варзиши Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Муҳсин Муҳамадиев пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Москва аз олам даргузашт. Ӯ 60 сол дошт.
Муҳсин Муҳамадиев яке аз чеҳраҳои барҷастаи футболи кишвар ба шумор рафта, ҳамчун беҳтарин бозингари асри ХХ дар Тоҷикистон шинохта мешуд. Ӯ дар фаъолияти варзишии худ ҳамчун бозингар, мураббӣ ва роҳбари соҳа нақши муҳим гузоштааст.
Муҳсин Муҳаммадиев дар дастаҳои “Истиқлол” ва тими миллӣ ба ҳайси сармураббӣ фаъолият карда буд. Аммо исми ин ситораи дурахшони футболи тоҷик дар даврони ҳунарнамоиаш дар тими шӯҳратёри “Помир” вирди забонҳо шудааст.
Ёди ӯ ҳамеша дар хотираи мухлисони футболи тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Дар зер мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур, ки чанд сол пеш бо Муҳсин Муҳаммадиев сурат гирифтааст, манзури хонандагон мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ