Нақшаи даъват дар 10 рӯз 78% иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки қариб 30 шаҳру ноҳия пурра нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбиро пурра иҷро карданд.

Дар асоси оморе, ки Вазорати мудофиа нашр кард, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври зайл нақшаро иҷро карданд:

  • ВМКБ – 100%;
  • Вилояти Хатлон – 91%;
  • Ноҳияҳои тобеи ҷумҳури – 72%;
  • Душанбе – 71%;
  • Вилояти Суғд – 64%.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми октябри соли равон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *