Нақшаи кишти беш аз 124 ҳазор гектар пахта дар Хатлон
Феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пахта идома дорад. Давлаталӣ Саид, раиси вилоти Хатлон ҳам чанд рӯзи охир ба шаҳру ноҳияҳои пахтакор сафари корӣ намуда, ба кишти пумбадона ва истифодаи самараноки замин шинос гардида истодааст.
Имсол дар вилояти Хатлон дар майдони умумии 124 ҳазору 500 гектар кишти пахта гузаронида мешавад. Аллакай хоҷагидорон дар майдони 38 ҳазор гектар кишти пумбадона гузарониданд. Майдони кишти пумбадона назар ба соли 2024 –ум 24 ҳазор гектар бештар мебошад.
Баҳром Ҳасанзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки имсол дар майдони 41 ҳазор гектар кишти пумбадонаи зери плёнка гузаронида мешавад. Ин навъи кишт, пахтаро аз зарар дидан аз борон муҳофизат карда, хароҷоти пахтакоронро камтар мекунад, – гуфт вай.
“Ҳоло дар майдони каме бештар аз 7 ҳазор гектар пахта зери плёнка кишт шудааст ва дар боқимонда заминҳо кишти пумбадона муташшакилона идома дорад. Мо бештар аз тухмии серҳосили дӯстӣ ва туркӣ истифода карда истодаем”,-таъкид дошт номбурда.

Баҳром Ҳасанзода мегӯяд, мувофиқи қарорри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 298 ҳазору 100 тоннаро ташкил мекунад. Ӯ афзуд, ки ба як гектар замини пахтазор наздки 24 сентнер муайян гардидааст. Пахтакорон аз тамоми имконият истифода карда истодаанд ва умед аст, ки имсол нақшаи кишт ва ҷамъоварии пахта пурра таъмин мешавад, -таъкид кард вай.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, деҳқонон дар тамъини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи назаррас дорад. Майдони кишти пахта ҳам дар ин минтақаи кишвар нисбат ба дигар минтақаҳо бештар аст.
Соли гузашта чанд шаҳру ноҳия нақшаи пахтаро пурра иҷро карда натавонистанд. Ба фарқ аз соли қабли пахтакорон талош доранд нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ