Наҷоти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қазоқистон аз сардӣ
Мақомоти Қазоқистон як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи автобус аз Русия ба Тоҷикистон омада истодаро аз сарди наҷот додаанд.
15- уми декабр Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон иттило додааст, ки автобус дар шоҳроҳи вилояти Актюбинск дар ҳудуди нояҳияи Айтекебийский аз кор мондааст, ки дар дохили он 57 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се кӯдак қарор доштаанд.
“Мақомоти қазоқ мусофирони тоҷикро аз сардӣ наҷот дода, ба минтақаи гарми ташкилшудае дар масҷиди деҳаи Карабутак бурдаанд. Гуфта мешавад, ҳеҷ кадом аз ин мусофирон ба кумаки табибон ниёз надоштаанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ