Нахустин мусалмон – шаҳрдори Ню-Йорк
Зуҳрон Мамдонӣ, номзади Ҳизби демократи Амрико дар интихоботи шаҳрдори Ню-Йорк ғалаба кард. Ин дар ҳолест, ки ӯ яке аз мухолифони Президент Доналд Трамп аст.
Зуҳрон Мамдонӣ аввалин мусалмоне аст, ки ба мақоми шаҳрдори Ню-Йорк мерасад. Мамдонӣ дар шаҳри Кампалаи кишвари Уганда дар хонаводаи мусулмони ҳинду таваллуд шуда, дар 7-солагӣ бо волидон ба Ню-Йорк муҳоҷир шудааст. Модараш Мира Наир коргардони филмҳои ҳинду-амрикоӣ ва падараш Маҳмуд Мамданӣ як олими угандаӣ аз насли ҳинду аст. Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Мамдонӣ интиқод карда, ӯро “коммунист” хонд ва аз сокинони Ню-Йорк хост, ки ба ҷонибдории ӯ раъй надиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ