Нахустин суҳбати Озарахш пас аз беморӣ: ба ҳама сипос мегӯям

Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар нахустин суҳбати худ пас аз беморӣ гуфтааст, ки ҳамсараш Фарзона ба хона рафта, худаш низ рӯзҳои наздик ба хона бармегардад. Ҳамчунин, ӯ ба ҳамаи онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ кӯмакаш кардан два ҳамчунин барояш дуо гуфтанд, сипос гуфтааст.

Нахустин суҳбати Озарахш пас аз беморӣ бо нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» сурат гирифта, шоир аз ҷумла гуфтааст:
«Ман ҳам хушҳолам, ки садои дӯстонро мешунавам. Воқеан, аз муҳаббатҳои дӯстон, аз дуову дурудҳои кулли дӯстон сарбаланд ҳастем. Худованд дард медиҳад ва дармон ҳам, шукри беадад имрӯз хуб ҳастем. Фарзона ба хона рафтанд ва ман ҳам бояд ба наздикӣ мураххас шавам, албатта табобатро як муддат дар хона идома медиҳам, аммо алҳол хеле -хеле беҳтарам».
Шоир ҳамчунин, дар суҳбати хеш аз кумакҳои табибон изҳори миннатдорӣ кардааст:
«Заҳматҳои табибонро хоса таъкид мекунам ва сипос мегӯям ба ҳар кадомашон. Воқеан, табибон дар ин рӯзҳо қаҳрамон ҳастанд, қаҳрамони замон! Шабу рӯз дар сари болини мо буданд ва талошҳояшон барои ҷони беморон сутуданист!»
Озарахш дар ин суҳбат ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «сипосу дуруд» гуфт, чун ба гуфти шоир раиси вилоят аз оғоз дар канори хонаводаи шоир будааст. Ҳамчунин шоир ба мардуми кишвар барои дастгирӣ ва дуо сипос мегӯяд:
«Аз якояки дӯстон, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он барои мо дуо гуфтанд ва шифои комил хостанд, сипос мегӯям ва салом мерасонам. Саломи моро ҳатман расонед! Мо хубем».
Шоир мегӯяд, ки феълан пур аз шеъру тарона аст:
«Ба дӯстон, мухлисону ҳаводорон бирасонед пур – пур аз муҳаббат ҳастам, пур – пур аз таронаҳои нав, пур – пур аз зиндагӣ! Насиб ба давлати дидори ҳам мерасем, ҳамааш хуб хоҳад шуд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *