Намояндаи Ҳиндустон ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд

Аз 10 то 16-уми ноябр дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии шоҳмот барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа намояндаи Ҳиндустон Ананд Пранав бо ба даст овардани 7 имтиёз  аз 9 имтиёзи имконпазир ғолиби ин мусобиқа ва соҳиби ҷом шуд. Ӯ ҳамчунон соҳиби 10 ҳазор долари амрикоӣ гардид.

Мусобиқаи шоҳмот аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо дастгири Федератсияи байнйалмилалии шоҳмот (ФИДЕ) баргузор шуд.   Мусобиқа дар ду гурӯҳи асосӣ “А” ва “В” сурат гирифт.

Гурӯҳи “А”, шомили усодони таҷрибадор буд, ки ҷои дуюм ва сеюм насиби Сергей Дригалов  ва Никита Афансеви шоҳмотбози рус гардид.

Дригалов бо медали нуқра ва 8 ҳазор долар ва Афанасев бо медали биринҷи ва 5 ҳазор долар мукофонида шуданд. Аз Тоҷикистон дар дастаи “А” шоҳмотбозон иштирок доштанд, вале соҳиби ҷой нашуданд.

Ба гурӯҳи “В”- мусобиқа, ки зиёда аз 130 шоҳмотбозони синну соли гуногун иштирок доштаннд. Дар гурӯҳи номбурда намоядаи Ӯзбекистон Исломбек Ҳусанови 11- сола ғолиб шуд. Медали нуқраи мусобиқаро намояндаи дигари Ӯзбекистон- Муҳаммаддиёр Маҳмадуллоев соҳиб шуд. Медали биринҷиро бошад, намояндаи Русия- Оксана Гарячкина соҳиб шуд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *