Нарх боло меравад, воридот меафзояд

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар наздики 73 ҳазор тонна равғани растанӣ ба арзиши тақрибан 80 миллион доллар ворид намудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, асосан равған аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ворид мешавад. Аз ҷумла, қариб 10 ҳазор тонна равған аз Русия ва беш аз 60 ҳазор тонна аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид гардидааст.

Мутахассисон сабаби афзоиши воридоти равғанро ба бештар шудани талаботи бозори дохилӣ ва нарасидани истеҳсоли маҳаллӣ иртибот медиҳанд. Ҳамзамон, нархи равғани воридотӣ нисбат ба маҳсулоти ватанӣ гаронтар арзёбӣ мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таъмини амнияти озуқаворӣ, масъулони соҳа таъкид мекунанд, ки тадбирҳо барои рушди корхонаҳои дохилии истеҳсоли равған ва коркарди ашёи хом дар ҳоли амалӣ шудан қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *