Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Нархи гази моеъ, ки тайи чанд ҳафтаи охир камчин ва гарон шуда буд, дар рӯзҳои гузашта поин рафт.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ ҳоло бо нархи 4 сомонию 60 дирам то 4 сомонию 70 дирам фурӯхта мешавад. Ин тақрибан 1 сомонию 50 дирам арзонтар аз нархҳои ду ҳафта пеш мебошад.

Дар нимаи аввали моҳи ноябр ва аввали декабр нархи ин навъи сӯзишворӣ ба 5,50 – 5,60 сомонӣ мерасид.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби коҳиш ёфтани нархи гази моеъро ба пайдо шудани роҳҳо ва манбаъҳои нави воридот нисбат додааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, соҳибкорони тоҷик берун аз қарордодҳои байнидавлатӣ ва квотаҳои ҷудошуда, бо истифода аз роҳҳои алтернативӣ, аз ҷумла воридоти газ аз корхонаҳои хусусӣ бо нархи баландтар, бозори кишварро таъмин мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *