Нашри се асари устод Айнӣ дар Канада

Нашриёти “Китоби Кобул” се асари устод Садриддин Айнӣ – «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва «Мактаби кӯҳна»-ро дар шаҳри Торонтои Канада ба чоп расонид.  

Нашриёти «Китоби Кобул», ки фаъолияти худро аз соли 2017 дар Кобул оғоз карда ва баъд аз таҳаввулоти сиёсии Афғонистон равиши мутафовитеро пеш гирифт, имрӯз фаъолияташро аз Торонтои Канада идома медиҳад. Ин нашриёт тайи наздики шаш сол даҳҳо унвон китобро чоп карда, ба дасти хонандагон дар Амрико, Канада, Австралия ва кишварҳои урупоӣ расонидааст.

«Китоби Кобул» бо тамаркуз ба нашри осори фарҳангиёни афғонистонии дур аз ватан, дар интихоби мавзуъ, вироиши дақиқ, сафҳаороии зебо ва кайфияти болои чоп шинохта шудааст. Истифода аз ISBN-и муътабар низ ҳамеша дар дастури кори ин маҷмуъа қарор дорад. Ҳавзаҳои фаъолияти «Китоби Кобул» адабиёт, дин, таърих ва ҳунарро дар бар мегирад ва то кунун осори арзишманд ва муҳимеро ба ҷомеаи фарҳангӣ арза кардааст.

Забеҳ Маҳдӣ, мудири масъули «Китоби Кобул», даврони донишомӯзии худро байни солҳои 1997 то 2001 дар мактаби Низомии Ганҷавӣ (рақами 9), дар шаҳри Душанбе сипарӣ кардааст. Ин хотироти арзишманд илҳомбахши ӯ барои чопи осори нависандагони Тоҷикистон будааст. Дар ҳамин росто, ахиран ин нашриёт «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва «Мактаби кӯҳна»-и устод Садриддин Айниро дар Торонто мунташир кардааст.

Ваҳид Меҳрдод, ки худ низ солҳо дар Душанбе зиндагӣ кардааст, дар интишори ин китобҳо нақши асосӣ дошта ва бо кумаки доктор Анзурати Маликзод ислоҳу омодасозии китобҳо, нигориши муқаддима ва тавзеҳи вожагони душворро анҷом додааст. Ёддошти доктор Анзурати Маликзод бар китоби «Ёддоштҳо», ки ҷойгоҳи ин асарро дар андешаи устод Садриддин Айнӣ баррасӣ мекунад, ба арзиши фарҳангии ин иқдом афзудааст. Ин ёддошт бо истинод ба наздики шашсад нома аз устод Айнӣ навишта шуда, ки ахиран ба дасти доктор Маликзод расидааст.

Собиқаи ҳамкорӣ бо нависандагони тоҷик

Қобили зикр аст, ки иқдоми ахири «Китоби Кобул» дар чопи осори нависандагони тоҷик аввалин таҷрибаи ин нашриёт нест ва пеш аз ин низ чанд асар аз шоирону нависандагони Тоҷикистон тавассути ин ношир ба зевари табъ ороста шуда буд, аз ҷумла:

• Китоби пажӯҳишии «Абушакури Балхӣ», асаре аз доктор Анзурати Маликзод.

• Маҷмуаи шеъри «Парандаҳои махмалӣ» аз хонум Гулнози Тоҳириён, бо кӯшиш ва баргардони Исмоил Лашкарӣ.

• Китоби пажӯҳишии «Муруре бар шеъри муосири Тоҷикистон», асари дигаре аз Исмоил Лашкарӣ.

Ин феҳрист нишондиҳандаи умқи ҳамкории «Китоби Кобул» бо нависандагони тоҷик ва тааҳҳуди ин нашриёт ба тақвияти пайвандҳои фарҳангӣ миёни ду миллати ҳамзабон аст. Нашри ин осор намоде аз пайванди амиқи фарҳангиву адабӣ миёни ду миллати ҳамзабон аст ва «Китоби Кобул» бо ин иқдом гоми муҳиме дар тақвияти ин иртибот бардоштааст.

Қобили зикр аст, ки нашриёти «Китоби Кобул» талош дорад шуъбаи мустақилеро барои чопи китобҳо ба хати сириллики тоҷикӣ ба зудӣ ифтитоҳ кунад, то фарҳангиёни муҳоҷиру дур аз ватан битавонанд осори худро дар саросари дунё арза кунанд.

Суҳроби ЗИЁ,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *