Нашрияи “Lonely Planet” Тоҷикистонро ба феҳристи маконҳои ҷолиб барои сайёҳон шомил кард

Нашрияи байналмилалии “Lonely Planet” Тоҷикистонро яке аз кишварҳои мувофиқ барои пиёдагардӣ ва саёҳат дар муҳити кӯҳсор арзёбӣ карда, кишварро барои саёҳату кӯҳнавардӣ тавсия додааст.

Муаллифони мақола кишвари моро дар феҳристи “25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026” (Best in Travel 2026) ворид намуда, дар бахши “Пиёдагардӣ ва хаймазанӣ дар табиат” табиати зинда, маконҳои сайёҳӣ, кӯҳҳо ва шароити табиатгардӣ дар кишварро муаррифӣ карданд.

Нусхаи солонаи маҷалаи “Best in Travel” аз ҷониби “Lonely Planet” яке аз манбаъҳои бонуфузи соҳаи сайёҳии байналмилалӣ мебошад. Коршиносон ва сайёҳони ботаҷриба беҳтарин кишварҳои сайёҳиро интихоб карда, маконҳои табиӣ ва табиати зиндаи онро муаррифӣ мекунанд. Тиражи ин нашрия 6 миллион нусха будааст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон қаблан низ дар раддабандиҳои байналмилалӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ эътироф шудааст. Соли 2023 Тоҷикистон ба феҳристи “Самтҳои беҳтарини сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ” ва кӯҳҳои Помиру кӯли Искандаркӯл ба рӯйхати “Ҷолибтарин табиат дар масири Осиё” шомил шуданд.

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2025 тақрибан 1,4 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки ин 24% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Аз ин шумора 1 258 100 сайёҳ аз кишварҳои ИДМ ва 130 700 сайёҳ аз кишварҳои берун аз ИДМ омадаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *