Натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо эълон шуд
Имрӯз, 21 июл натиҷаи даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаҳои олӣ ва касбии Тоҷикистон дар соли 2025 эълон карда шуд. Довталабоне, ки аз натиҷаи имтиҳонҳо розӣ нестанд, барои шикоят кардан танҳо ду рӯз вақт доранд.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади таъмини ҳуқуқи довталабон барои арзёбии воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон ҳуқуқи дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани аризаи аппелятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода шудааст.
Аризаҳои аппелятсионӣ аз 21 то 23-юми июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), инчунин дар нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус қабул карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ