Натиҷаи мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Томас Йордан

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии раиси бонк Томас Йордан дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ, қурби асъор ва ислоҳот дар низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ, нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ҷаноби Томас Йордан изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария баррасии вазъи низоми бонкӣ ва гузаронидани семинар дар мавзӯи “Вазъи фаромиллии иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Швейтсария” буда, зимни семинар тарафҳо тариқи муколама ва баҳс метавонанд бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, раиси Бонки миллии Швейтсарияро дар ин сафари расмӣ директори Департаменти сиёсати ҳамкориҳои байналмилалии бонки мазкур Андреа Сивиеро, мушовири масоили сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Вернер Ҳерманн, мудири лоиҳаҳои ҳамкории мутақобила Гилберт Хайм ва мушовири калони масоили ҳамкориҳои тарафайни Бонки миллии Швейтсария Надира Хуонкер ҳамроҳӣ намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.