Наттоқони забони куриёӣ. Ғолибони озмун муайян гардиданд

17-уми июни соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода озмуни наттоқон бо забони куриёӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид.

Даври ниҳоии озмуни мазкур бо иштироки муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ Мирзода З., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Каримов А., котиби Сафири Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Сунгу, мутахассиси Сафоратхонаи Куриё Пе Сангҳи, роҳбари Маркази забономӯзии забони куриёӣ Чой Миҳи ва роҳбари Гӯшаи Куриёи назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шин Нагкюн ҷамъбаст гардид.

Бояд хотиррасон намуд, ки даври аввали озмун байни гурӯҳҳои ибтидоӣ ва болоӣ бо иштироки 30 нафар забономӯз санаи 12.06.2023 гузашта буд ва ба даври ниманиҳоии озмун аз гурӯҳҳои ибтидоӣ ва болоӣ 12 нафар роҳхат гирифтанд. Аз байни 12 нафари иштирокдошта 3 нафар аз гурӯҳи ибтидоӣ ва 3 нафар аз гурӯҳи болоӣ ғолиби озмун дониста шуданд.

Ғолибони гурӯҳи ибтидоӣ:

Ҷойи якум: Бозорзода Мунаввара

Ҷойи дуюм: Искандарова Меҳрона

Ҷойи сеюм: Амирова Мафтуна

Ғолибони гурӯҳи болоӣ:

Ҷойи якум: Ҳусейнова Маҳина

Ҷойи дуюм: Ҷумаева Сумая

Ҷойи сеюм: Соҳибова Гулрӯ

Дар фарҷом дорандагони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо ифтихорнома ва мукофот сарафроз карда шуданд. Ғолибони ҷойҳои чорум, панҷум ва шашум низ бо ифтихорнома ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, маҳорат ва нотиқии донишҷӯёну забономӯзон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки озмуни натоққон таҳти сарпарастии “King Sejong Institute Foundation” ва “King Sejong Institute Dushanbe1” баргузор гардида, ба ғолибон аз ҷониби ин ташкилотҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Аз гурӯҳи болоӣ ҷойи якум насиби донишҷӯи бахши сеюми факултети забонҳои Осиёи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода Маҳина Ҳусейнова гардид. Сабти навори Маҳина ба Ҷумҳурии Куриё фиристода мешавад. Дар ҳолати аз тарафи ҳакамони ҷониби дигар қобили қабул донистан, ӯ ба даври ниҳоӣ, ки моҳи сентябр дар Ҷумҳурии Куриё гузаронида мешавад, раҳсипор мегардад.

Бахтовар САФАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *