Навалний кист ва ба Русия чӣ хатар дорад?

Алексей Навалний яке аз рақибони асосии сиёсии Президенти Русия Владимир Путин аст. Ӯ ақидаҳои худро нисбати давлатдории Путин ва густариши ришваю фасод дар ин кишвар ба таври ошкоро дар веб сайтҳои худ мегӯяд ва ҳамчунин дар ҳамаи тазоҳуротҳое,ки дар замони Путин баргузор шудаанд, ширкат намудааст.Навалнийро  мухолифини ҳукумати имрӯзаи Путин  ва ҷаҳони Ғарб чун роҳбари ҳаракати мухолифат дар ин кишвар мешиносанд.Ҳамчунин, Навалний ҳуқуқшинос, арбоби сиёсӣ ва ҷамъиятӣ буда,  бо таҳқиқи фасодкорӣ дар  Русия маъруф аст. 20 август ҳавопаймое, ки Навалний дар он парвоз мекард, дар  Омск нишасти изтирорӣ кард ва ӯро ки мусофири ин тайёра буд,ба таври фаврӣ ба беморхона интиқол доданд. 21 август табибон эълон карданд, ки ташхиси асосӣ ин  ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар ҷисми ӯст. Ҳоло  Навалнийро ба Олмон ,ба бемористони “Шарит” интиқол доданд,ки ӯ чанд рӯз боз   дар ҳолати кома қарор дорад. Табибони клиникаи олмонии “Шарит”  эълом доштанд, ки Навалний бо моддае аз  гурӯҳи блокаторҳои холинестеразм  заҳролуд шудааст. Инро сухангӯи ҳукумати Олмон Штефен Зайберт низ тасдиқ кардааст.

Прокуратураи генералии  Русия аз Вазорати адлияи Олмон дархост кард, ки натиҷаҳои санҷиши ҷисми  Алексей Навалнийро, ​​ки таҳти табобат қарор дорад, ба онҳо фиристанд. Тавре изҳор медорад, ҷониби Русия тафтиши худро сари ин масъала идома дода истодааст. Ба гуфти прокуратура, дар дархости ниҳоди назоратӣ, инчунин, гуфта мешавад, ки тафтиши шароити бистарӣ шудани Навалний аз 20 август идома дорад. Дар тӯли ин вақт, зиёда аз 100 ашё мусодира карда шуда, маълумот аз камераҳои назоратӣ аз назар гузаронида шуд, зиёда аз 20 ташхиси судӣ таъин карда шуд. Аммо аксари роҳбарони кишварҳои ғарбӣ  дар заҳролудшавии Навалний  дасти ишора сӯи Кремл равон мекунанд.

Кӣ ба Навалний  заҳр дод?

(Ин нуктаи назарест,ки дар сомонаи Рамблер бе овардани номи муаллиф нашр кардаанд ва онро назари расмии Русия  ҳам номидан  мумкин аст )

Мо ба Алексей Анатолевич шифои зуд ва пурра орзу менамоем. Мо ба дарозо намекашем ва дарҳол мегӯем, ки дар бораи кӣ фикр мекунем. Аммо биёед, ошкоро гӯем,ки  то ҳол хулосаи дақиқи табибони ҷаҳон вуҷуд надорад. Шояд заҳролудшавӣ набошад, аммо тавре амалия нишон медиҳад, ба ин умеди кам дорем. Аммо агар ин як суиқасд бошад, мо ба гумон мекунем,ки ин кори СБУ (Хадамоти бехатарии Украина) аст. Ба қарибӣ дар ИМА интихобот баргузор мешавад. Трамп ё Байден? Мо фикр мекунем, ки ҳама медонанд, ки Байден ва  таъсири ӯро  ба хадамоти махсуси Украина бузург аст. Дар Украина бисёриҳо мунтазири ба қудрат расидани Байден ҳастанд.

Ҳоло биёед, ба  замоне ки ин ҳама ҳодиса  рӯй дод,  нигарем. Дар Амрико съезди Ҳизби ҷумҳуриявӣ мерафт ва чунин туҳфа дар ин рӯз! Байден мухолифи сарсахти Русия аст. Аз ин рӯ, вай соҳиби картае мегардад, ки Русияро бори дигар пеш аз интихобот чун “дев “ муаррифӣ мекунад ва Трампро ба мулоимӣ нисбати  ин кишвар муттаҳам кунад.  “Аз ин ва баъд танҳо Байден метавонад русҳоро боздорад ва онҳоро бо таҳримҳо пахш кунад » — (яъне, ба ман овоз диҳед)

 Ҳар як иқдоми аз ҷониби Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар Беларусро  метавонад ҳодисаи  бо Навалний рухдода  пеши онро гирад ва обрӯи Русияро резонад.

Украина ба мо ҷанг эълон кард, ҷанги иттилоотӣ. Тӯли як сол алайҳи зархаридони мо, амалиёт омода мешуд ва мо ба чунин иғво омода набудем. Дар асл, як амалиёти махсуси олиҷанобе, ки СБУ  гузаронид.

 Онҳо акнун ба рабудани  шаҳрвандони мо дар қаламрави Русия шурӯъ мекунанд. Чӣ метавонист як сол пеш садди роҳи СБУ дар ворид кардани агенти худ  ба атрофиёни Навалний шавад? Онҳо кори худро карданд ва Алексей Навалний заҳролуд шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай истилоҳи «лоиҳаи Кремл» чашмак мезанад. Ман ҳайрон намешавам, агар гӯянд, ки СБУ ҳоло бузургтарин шабакаи агентҳояшро  дар Федератсияи Русия карда  бошад ва онро  Ғарб маблағгузорӣ мекунад.

Заҳролуд кардани Навалний барои Маскав маъно надорад. Вай ба мақомот таҳдиде карда наметавонист, баръакс, вай русҳоро бо суханрониҳои ғарбгароиш  хашмгин мекард. Агар ин заҳролудшавӣ бошад, пас Навалний набояд зинда мемонд. Ин ҳодиса дар ҳавопаймо тасодуфӣ набуд. Ин муъҷизаест, ки ӯ зинда монд. Ташаккур ба халабонҳо ва табибон.

 Боз як  “террор”-и  даҳшатнок   дар Афғонистон, ин дафъа аз ҷониби табиат

 Селе, ки рӯзи 26 август вилояти Парвони Афғонистонро фаро гирифт, ҳадди ақал 190 нафарро кушт ва тақрибан 2500 манзилро хароб кард. Мақомот қайд мекунад, ки шумораи кушташудагон метавонад минбаъд низ афзоиш ёбад. Бино ба гузориши The Watchers, даҳҳо нафар маҷрӯҳ ва беш аз 1000 нафар ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд. Боронҳои шадид дар минтақаи Чоряккор боиси сели ногаҳонӣ гардид, ки мардумро ба даҳшат  овард. Ҷараёни пурзӯри обу  лой  хонаҳоро чаппа мекарданд ва ҷасадҳо дар рӯи селоба шино дошт.

Губернатори вилояти Парвон Фазлудин Айёр  гуфт, ки ин сел метавонист ҳазорон  нафарро барад. Аз ҷумлаи қурбониён — 11 узви як оила кушта шуданд. Наҷотбахшон қайд мекунанд, ки ҳанӯз ҳам одамони зиёде дар зери харобаҳо зери хок мондаанд.

Дар як изҳорот, Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дастур дод, ки фавран ба осебдидагон кумаки фаврӣ расонида шавад. Бисёре аз наҷотёфтагон ба ғизо ва манзил шадидан ниёз доранд.

Роҳбари Куриёи Шимолӣ хоҳарашро кушт?

Овозаҳои нав дар бораи макони будубоши хоҳари Ким Чен Ин, пас аз чанд ҳафта пас аз он ки вай (мувофиқи хабарҳо барои ба даст овардани қудрат дар Кореяи Шимолӣ омодагӣ мегирифт, пайдо шуд.

Тибқи гузоришҳои нав, Ким Ео Ҷунг аз рӯзи 27 июл дар маҳзари ом ҳозир нашудааст. ВАО-и  ғарбӣ метарсанд, ки бародари ӯ метавонад ӯро  ҷисман, ҳамчун таҳдид ба режими худ «бартараф кунад». Ким Йо Ҷунг имсол дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ба наздикӣ, хабар дода шуд, ки раҳбари Кореяи Шимолӣ баъзе салоҳиятҳои худро ба ӯ вогузор кардааст. Хоҳари хурдии Ким Чен Ин гӯё ба мақоми муовини якуми мудири шуъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коргари Корея расид..

Аммо, бино ба иттилои нашрияи Кореяи Ҷанубӣ The Chosun Ilbo бо истинод ба манбаъҳояш, дар рӯзҳои охир диктатори Кореяи Шимолӣ якчанд маротиба дар назди мансабдорони баландпоя дида шуд, вале хоҳараш бо ӯ якҷо набуд..

Роҳбари Кореяи Шимолӣ як мансабдори баландпоя -Чанг Сонг-Таек, домоди падари худро эъдом карда буд. Вақте ки Ким Чен Ир — падари ҳокими кунунӣ — шадидан бемор буд, ӯро нохост «пешвои амалии Кореяи Шимолӣ» номиданд ва ин сабаби маргаш шуд.Минбаъд дар изҳороти роҳбарияти Кореяи Шимолӣ, ӯ «саг» эълон карда шуд, ки ният дошт «ҳокимияти олиро бо ҳилла ва даҳшат ба даст орад». Тибқи гузоришҳои тасдиқношуда, Ким  тамоми хонаводаи Чангро кушт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *