Нависанда ва рӯзноманигор Эҳсон Субҳон даргузашт
Нависанда ва рӯзноманигор Эҳсон Субҳон дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.
Маросими ҷанозаи ӯ рӯзи 29 июл дар зодгоҳаш – деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Дар он намояндагони мақомоти шаҳри Панҷакент, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстону шогирдон ва ҳамкорони марҳум ширкат варзида, аз саҳми арзишманди ӯ дар рушди адабиёт ва рӯзноманигории тоҷик ёдовар шуданд.
Эҳсон Субҳон муаллифи даҳҳо маҷмӯаи ҳикоя, қисса ва роман буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ