Назарзода раиси Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб интихоб шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи интихобии Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Дар конференсияи мавриди назар, Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб раиси Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб интихоб шудааст.

Ҳамчунин, Муҳаммадзариф Шарифзода муовини якум ва Дилшод Назирмадов
муовини раиси Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб интихоб шуданд.

Ғайр аз ин, дар конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб интихоб гардид.

Сайвалӣ Дониёрзода, муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шахсони тозаинтихоби Федератсияи футболи минтақаи Кӯлобро табрик гуфта, ба онҳо дар амалӣ намудани ҳадафҳо дар самти рушди футбол комёбӣ таманно кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *