Худкушии корманди идораи замин дар Шаҳритус (аудио)

Як манбаъ аз Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус ба Pressa.tj хабар дод, ки дирӯз як корманди Кумитаи идораи замини ин ноҳия худкушӣ кардааст. Ӯро дар хонаи иҷорааш овехта пайдо кардаанд.

Аз Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, ки имрӯз ҷанозаи ӯ баргузор мешавад. Як манбаи боэътимод аз ин кумита гуфт, ки марҳум мушкилоти оилавӣ надоштааст. Вале ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ заданаш маълум нест.

Аз ин нафар Фирӯз Ҳурматов ном бурда мешавад, ки ба ҳайси муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус фаъолият мекардааст. То ҳол сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ маълум нест. Мақомоти қудратӣ ҳам дар ин росто то ҳол изҳори назар накардаанд.

Фирӯз Ҳурматов, корманди Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус аз пайвандони Фатҳулло Ҳурматзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон аст. Фирӯз Ҳурматов оиладор ва соҳиби чор фарзанд будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз 11-уми феврали соли ҷорӣ Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус низ даст ба худкушӣ зада буд.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус дар охирин нишасти хабарии хеш гуфта буд, ки ин аввалин худкушӣ дар соли 2022 аст. Ӯ сабаби худкушии раиси ҷамоатро мушкилоти оилавӣ гуфта буд.

“Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров аз мушкилоти оилавӣ даст ба худкушӣ задааст. Дар соли 2021 се ҳолати худкушӣ дар ноҳия сабт шудааст. Ин аввалин худкушӣ дар соли 2022 аст”,- таъкид карда буд вай.

Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоти болозикр, ки даст ба худкушӣ зад, 34 сол дошт ва соҳиби чор фарзанд буд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *