Орд дар хоб чӣ таъбир дорад? Суол ба блоки иқтисодии Тоҷикистон

Чанд рӯз боз хотирам мағшуш аст. Рӯзе нест, ки шикояте аз ин ё он ҷониб дар боби гароншавии арзиши маҳсулоти ниёзи аввалия ба гӯшам нарасад.

Аз кор мебароям, хаставу парешонхотир. Ба ҷои ист кардан дар истгоҳи назди хона, чанд истгоҳ гузашта мераваму хабар намеёбам. Боз чанд дақиқаи дигар сарф мекунам, то баргашта ба кӯчаамон оям.

Ба хона медароям, ҳама дар абрӯ гиреҳ. Сароғози сухани ҳама болоравии нархи маҳсулот. Ҳатто, занак пешакӣ рӯйхат кардааст, ки чӣ бояд хариду чиро не. Ба рӯйхат дида медӯзам. Ашк аз чашмонам метаровад. Ин рӯйхат аз пештараҳо хеле тафовут дорад. Масалан, пеш орд 20 кило буд, ҳоло 10 кило, шакар 2 кило буд, акнун 1 кило, ба ҷои 3 литр равған 1 литр ва ҳоказо. Аҷиб ин ки, қаблан барои як ҳафта 10 кило картошка мегирифтем, аммо дар ин рӯйхат 50 кило сабт шудааст. Ба худ меандешам, ки “занак дар хона истеъмоли бештари “нони дуюм”-ро ба роҳ монданист чӣ!?”. Варақаи рӯйхатро каноре ҳавола медиҳам, ба нигоҳи суоломези занак синча мекунаму мегӯям, ки “хуб, ҳоло вақти хоб аст, пагоҳ ба ягон фикр меоям” ва сар зери курпа мекашам…

Растаи маҳсулоти хӯрокворӣ сертарадуд аст. Мардум дар талоши арзон ба даст овардани маҳсулот. Аммо, тавре ба мушоҳида мерасад, ҳассосияти одамон на ба он андозаест, ки дар давраи гароншавиҳои нарх замони оғози коронавирус буд.

Дар растаи ордфурӯшии бозори “Саховат” давр зада истода, ба суҳбати ду нафар зани миёнасол таваҷҷуҳ медиҳам. Яке мегӯяд:

— Ҳамааш аз касофатии ҷанг. Киҳо ҷанг кунанду зарараш ба кӣ расад!?…

Дигарӣ бо нишони тасдиқ луқма мепартояд:

— Ҳо, мисли он ки “арзанро гунҷишк хӯраду калтакро бедона”!

Аввалӣ аз тасдиқ шудани фикраш ба ваҷд меояду меафзояд:

— Агар ҳамин ҷанги хонумонсӯзи байни Русияву Украина намебуд, нарху наво дар мо ҳам инқадар осмонӣ намешуд! Рубли русӣ назди сомонӣ ба зону заду доллар аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд ва мағруртар шуд.

Мебинам, ки баъди кушода шудани ин мавзуъ баҳси дугонаҳо гарм мешавад. Нафари дуввум баҳсро идома медиҳад:

— Рост мегӯӣ. Ана акнун барои фурӯшандаҳову воридкунандагони орд боз баҳона ёфт шуд. Овоза ҳаст, ки агар вазъият ҳамин хел боқӣ монад, шояд нархи як халтаи 50-килоии орд аз 330 сомонӣ, 1 кило шакар аз 12 ва як литр равған аз 24 сомонӣ ҳам боло равад.

— Э, не, дугона! Иқтисодчиёни Тоҷикистон ба ин роҳ намедиҳанд.

— Чӣ кор аз дасташон меояд?

— Масалан, бархе пешниҳод доранд, ки вобаста ба вазъият барномаи зиддибуҳронӣ ташкил карда шавад.

— Дар ин барнома кадом чораҳо бояд дар мадди аввал гузошта шаванд?

— Пеш аз ҳама, бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолияти ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулотро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад. Бояд барои ҳамаи ширкатҳо имтиёзҳои баробару одилона фароҳам оварда шавад. Чунин ширкатҳо бояд аз имтиёзҳое ба монанди содда кардани фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин паст намудани боҷу хироҷ бархӯрдор бошанд. Бояд рақобати шаффоф ба вуҷуд оварда шавад миёни ширкатҳо.

— Дуруст гапат, вале ман фикр мекунам, ки айб дар фурӯшандаҳои оддӣ ҳам ҳаст. Аз ҳад зиёд беинсоф шудаанд. Як асос ёбанд, бо сад баҳона кисаатро холӣ мекунанду парвои имону виҷдон надоранд. Дар ин бора як нафар чунин шеъре ҳам навиштаву дар “Фейсбук” пахш кардааст:

Имон бурун зи синаи савдогарон шудаст,

К-арзиши орд низ ба бозор гарон шудаст.

Як рӯз бишнавем, касе к-ӯ орд мефурӯхт,

Шарм аз Худо накардаву Каъба равон шудаст.

— Агар ҳамаи ин чизҳоро фикр кунӣ, дар ду рӯз мӯйи сарат сафед мешаваду асабат хароб. Он вақт на орду равғани Қазоқистон даркору на шакари Покистон. Муҳим ин аст, ки мисли ҳолатҳои пешин ба саросемагӣ роҳ надиҳем. Беҳтараш, биё, ба бозори “Деҳқон” меравем. Муовини мудири ин бозор Мастон Шарифов таъкид намудааст, ки мардум барои харидории орд шитоб накунанд ва афзудааст: «Зиёда аз 300 тонна орд захира кардаем». Биё, меравему кам-камак аз орду дигар маҳсулот мегирем ва сарфакорона истифода мебарем!

— Рафтем!

Онҳо аз растаи бозор берун мераванд ва ман то пинҳон шудан аз пасашон менигарам. Ҳамин вақт садои ошно ба гӯшам мерасад:

— Ҳой, мардак, хоб бас акнун! Хез, ба бозор рав, орди охиринро хамир кардам!

Паҳлу мегардаму таъбири Меъроҷиддини Камол ба ёдам мерасад:

Орд дар хоби касон неъмат бувад,

Хоббинаш марди боҳиммат бувад.

Ҳар кӣ бинад орд дар хоби саҳар,

Ин нишони шуҳрату давлат бувад.

Нарм табассум мекунаму аз эҳтимоли боҳиммату давлатманд гардиданам шод мешавам. Аммо хобам беҳад ғалативу печида менамояд.

Блоки иқтисодии кишвар ин хоби бандаро чӣ таъбир мекарда бошад?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *