Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зармина Муҳаммадӣ хабарнигори “Тулуъ” аз дасти Толибон кушта шуд

Соате пеш дар шаҳри Кобул шореҳи сиёсиву иқтисодӣ ва журналисти шинохтаи телевизиони “Тулуъ”-и Афғонистон Зармина Муҳаммадӣ аз ҷониби Толибон ба қатл расонида шуд. Дар баробари хонум Муҳаммадӣ Хушбин Ҳамидӣ аз телевизиони “Тулуъ”, Гадо Саҳроӣ ва Раҳмон Очикзай аз “Телевизиони Шамшод” низ ба қатл расонида шуданд.

Дар ин маврид як манбаъ аз Кобул ба Pressa.tj хабар дод.

Қатли Зармина Муҳаммадӣ дар ҳолест, ки Толибон шуруъ аз ин рӯз, яъне аз санаи 21 август ба хабарнигорони зан имкони фаъолияти журналистиро дода буданд.
Субҳи имрӯз “Тулуъ” хабар дод, ки чанд нафар аз рӯзноманигорони зан баъди чанд рӯзи тарсу ҳарос ба фаъолият оғоз карданд ва зоҳиран Толибон ба фаъолияти онҳо ихтилоф нишон надодааст.
Вале ин шом хабари қатли Зармина Муҳаммадӣ ба мо расид.
Зармина Муҳаммадӣ, ки 34 сол дошт, яке аз журналистони маъруфи Афғонистон буд ва дар телевизиони “Тулуъ” барномаи “Хабари тоза”-ро гардонандагӣ мекард. Суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мубоҳисаҳои сиёсиву иқтисодиаш бо коршиносони аршади кишвар тамошобини зиёд дошт.
Ҳамчунин, дар ин авохир иттилоъ расид, ки се хабарнигори дигари афғон аз ҷониби ҷангҷӯёни Толибон ба қатл расонида шуданд. Яке Хушбин Ҳамидӣ аз телевизиони “Тулуъ” ва Гадо Саҳроӣ ва Раҳмон Очикзай аз “Телевизиони Шамшод” ҳастанд, ки ҳанӯз дар мавридашон маълумоти дақиқ ба даст наомадааст.
Ҳанӯз тафсилоти қатли ин журналисти шуҷоъи Афғонистон дар даст нест. Бо расидани иттилоъи тоза шуморо огоҳ хоҳем кард.

Акси журналистони кушташуда, ки манбаъи мо аз Кобул ирсол кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.