Нигаронии вазири маориф аз вазъи мактабҳои Ҳисор
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар як боздиди ногаҳонӣ аз чанд мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор изҳори нигаронӣ кард.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни ин боздид, ки рӯзи 5 майи соли 2025 сурат гирифт, вазир бо вазъи корҳои таълимӣ, шароити синфхонаҳо ва риояи интизоми меҳнат шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки дар баъзе муассисаҳо сатҳи таълиму тарбия, ободонӣ ва иштироки хонандагон дар дарсҳо нигаронкунанда буда, масъулин ба фаъолияти худ ҷиддӣ муносибат намекунанд.


Ба назар мерасад, ки набудани назорати мунтазам ва камтаваҷҷуҳии идорӣ сабаби коҳиши сифати таълим дар бархе аз мактабҳо шудааст.
Дар изҳороти худ вазир таъкид кардааст, ки “раванди таълим беҳбудӣ мехоҳад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ