Никоҳи мусалмонӣ дар САҲШ. пешниҳоди вакил ва посухи рўҳонӣ

Вакилони парлумони Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки домуллоҳо аз ин ба баъд никоҳи мусалмонии навхонадоронро дар хона не, балки дар идорае Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) анҷом диҳанд.

Дар кишвари мо одатан барои миёни навхонадорон никоҳи мусалмонӣ бастан домуллоро ба хонаи арӯсшаванда даъват мекунанд ва пеш аз никоҳи расмӣ дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ арӯсро бо домод никоҳ мекунанд, ки никоҳ кардан яке аз суннатҳои Паёмбари ислом аст.

Ин шабу рӯзҳо дар парлумони Тоҷикистон ду тарҳи қонунро баррасӣ мекунанд. Дар тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Қонуни сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” даъвати рӯҳониён барои хондани хутбаи никоҳи навхонадорон дар манзили зисти шаҳрвандон манъ дониста мешавад.

Дар сурати қабули тағйирот ба ду қонун мулло барои никоҳ ба хонаи ЗАГС даъват мешавад ва пас аз анҷоми никоҳи давлатӣ хутбаи никоҳи мусалмониро дар ҳамон ҷо қироат мекунад. Масъулони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба муллои никоҳгар барои ҳаққи никоҳ дар ин идора санади махсус медиҳанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, узви Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ин тағйир дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳадафи аслӣ ҷилавгирӣ аз сарфу харҷҳои маросими никоҳ мебошад.

Ҳамчунин, номбурда гуфтааст, ки дар сурати қабули илова ба ду қонун дигар “зарурати махсус барои ба хонаи домоду арӯс даъват намудани домулло ва оростани дастурхону дигар харҷҳо барои хутбаи никоҳ намемонад”.

Вобаста ба ин Афшини Муқим сухангӯи Кумитаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо ба мо гуфт: “Мо ҳам ин хабарро аз ВАО шунидем, то ҳол дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон ба кумита пешниҳоди расмӣ нашудааст. Ба ин хотир дар ин мавзӯъ чизе гуфта наметавонем”.

Вобаста ба ин мавзӯъ чанд маротиба ба Шӯрои уламои Тоҷикистон занг задем, аммо ҷавобе гирифта натавонистем. Сабаб? Дар ҷомеаи мо ёфтану назари домуллоеро гирифтан аз ҳама кори мушкил аст. Домуллое мегӯяд, аз Шӯрои уламо пурсед, агар иҷозат диҳанд фикрамро мегӯям, аз Шӯрои уламо мегӯянд аз Кумитаи дин пурсед…

Иловатан, мо бо сархатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур домулло Абдулҳақ Абидов суҳбат доштем. Эшон дар дар мавриди ин навгонӣ ва чигунагии шароити никоҳи мусалмонӣ чунин гуфт:  “Ростӣ, то ҳол ман аз баррасӣ шудани тарҳи ду қонун дар парлумон хабардор нестам. Аммо вобаста ба шароити никоҳ ҳаминро гуфта метавонам, ки никоҳ дар баробари пайваст кардани ду кас, боз ибодат ҳам ба шумор меравад. Ва тавре уламо мегӯянд, ибодат бояд дар ҷойҳое барпо карда шавад, ки он ҷоҳо орӣ аз ихтилофу дилхушиву ҳар гуна суханҳои ноолозим бошад. Гуфтан бамаврид аст, ки шарҳои асосии никоҳ ин доштани ҳиҷоб, ба маънои пӯшонидани узвҳое, ки нанамуданашон фарз аст, шунидани лафзи ҳамдигар аз ҷониби никоҳшавандаҳо ва шоҳид будани  як марду ду зан мебошад. Хутбаи никоҳ, ки хонданаш суннати Паёмбар (с) аст, бояд вақти қороати он хомӯшиву диққат додан бошад.

Мақсади тарҳи қонунҳо дар парлумон маълум аст, яъне вакилон барои никоҳи мусалмонӣ кардани навхонадорон мардумро аз сарфу харҷи зиёдатӣ канор мебаранд. Дар ин росто бояд гуфт, ки солҳои пеш мардуми мо никоҳи мусалмониро ҳатто як-ду рӯз пеш аз никоҳи расмӣ анҷом медоданд ва барои адои ақди никоҳ, ҳам тарафи домод ва ҳам арӯс шурӯъ аз омода кардани ғизо ва густурдани дастурхон ва пӯшонидани ҷомаву рӯймолу куртаҳо ба шоҳидони маросим харҷ мекарданд. Вале солҳои охир то андозае адои чунин маросим камхарҷ ва камодам гузаронида мешавад.

Вале ин ҷо кор ба ҳадаф доштану онро баррасӣ кардан тамом намешавад, зеро фикри мардум ҳам муҳим аст.

Дар мавриди қабули мардум аз тарҳҳои қонун бояд гуфт, ки бешак аксарияти тоҷикистониён ҳар навгониву дигаргуниро аввал манфӣ қабул мекунанд, баъд рафта-рафта одат мекунанд. Ҳоло бошад, бо пайдо шудани ин хабар дар расонаҳо ва шабакаҳои фикрҳо мухталифанд ва албатта, ки қисме тарафдор ва қисми дигар зид. 

Маълум нест, ки то куҷо ин тағйироти пешниҳодшуда қабул хоҳад шуд.

Бар асоси муқаррарот қонуни нав ва ё тағйиру илова ба қонунҳо пас аз ҷонибдории парлумон, ризоияти Президент ва Маҷлиси миллӣ ҳукми иҷро мегирад. Ҳоло ин қонун дар марҳилаи аввал қарор дорад ва вакилони парлумон мегӯянд, ҳанӯз фурсати шунидани назарҳои дигарро доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон қонуни танзими расму оинро дар соли 2007 қабул кард. Ҳадаф аз он коҳиш додани хароҷоти тӯю азои мардум гуфта мешуд. Ин қонун шумори меҳмонони тӯю азоро аз 140 бо 200 нафар ва тӯли баргузории чунин маросимро 3 соат ва барои нақзи ин шароит то 800 доллар ҷарима муқаррар кардааст. Тибқи ин қонун, ҳар нафаре, ки маросими тӯй ё азо оростан мехоҳад, бояд аз пеш аз мақомот расман иҷозат гирифта, таомнома ва ҳатто миқдори гӯшту биринҷеро, ки мехоҳад истифода барад, бояд бо мақомот мувофиқа кунад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *