Ним аср бо телевизион. Ҳаёти гурезагон аз дурбини Саидмуроди Ҳасанзод

Ӯ беш аз ним аср дар телевизион кор кард. Дар даврони раисии 7 нафар ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон — аз Ғоиб Қаландаров то Нуриддин Саид. Умрашро сарфи кори телевизион кард гӯем, хато намешавад. Ин даргоҳ ба Саидмурод Ҳасанзод (Раҳимов) ному нон дод…

Саидмурод Ҳасанзод дар рустои Бакарон (Хоҷа Бикрон) чашм ба олами ҳастӣ кушода, айёми тифливу таҳсилоташ ҳамин ҷо сипарӣ гашт. Он рӯзгор ҳамсолони ӯ рӯзгори сангине доштанд, вале айёми беғубори кӯдакиро ҳамеша бо завқ ба ёд меорад.

Саидмурод баъди хатми мактаби ҳафтсола дар мактаби миёнаи №18-и ноҳияи Шоҳмансур таҳсилро идома медиҳад. Соли 1965 ба шуъбаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Аз солҳои донишҷӯйӣ ба кори телевизион шавқу рағбат пайдо мекунад ва аз соли 1969 ба кори телевизион мегузарад.

Он солҳо дар кишвар ҳамагӣ як шабакаи телевизион фаъолият мекард ва мавқеъ пайдо кардан дар он хеле душвор буд, вале Ғоиб Қаландаров — раиси вақти Кумита ба ӯ бовар кард ва ӯро ба ҳайси муҳаррири барномаи “Ахбор” ба кор қабул намуд.

Даврони гулгулшукуфоии давлати советӣ буд он замон. Мавзуи асосии хабарнигори “Ахбор” фатҳи плани панҷсолаву анҷуманҳои Ҳизби коммунист (КПСС), ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” ва монанди ин. Саидмуроди Ҳасанзод гоҳо ба корхонаи бузурги саноатӣ медавид, гоҳо ба маҷлиси ҳизбӣ, гоҳо ба сохтмонҳои азим ва гоҳе зери офтоби сӯзон ба майдонҳои пахтазор, то гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш кунад… Муваффақ ҳам буд. Ҳамеша таҳсину офарин мешунид.

Солҳои 90-уми садаи мозӣ мавҷи худогоҳиву хештаншиносӣ ва баъдан шиорафканиву манфиатхоҳӣ мардумро аз майдонҳои ҳарбу зарбу созандагӣ батадриҷ ба майдонҳои ҳангомаву “озодихоҳӣ ва истиқлолхоҳӣ” кашид. Бо тақозои вазифа Саидмурод Ҳасанзоду ҳамкасбонаш ба ин майдон давиданд, то гузоришҳо омода кунанд ва ҳақиқати ҳолро ба мардум расонанд. Оқибати ин кашмокашиҳо мардумро ба бунбасту сарсониҳо расонид. Мардуми зиёде ба кӯи ноумедӣ фитода, сокинони кишвар ба хоки Афғонистон гурезаи иҷборӣ шуданд. Оворагиву дарбадарии мардуми тоҷик низ дар ғурбат аз “чашмак”-и наворбардори телевизион дур намонд.

Саидмуроди Ҳасанзод бо гуруҳи эҷодии барномаҳои “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Ҳайратон ба маҳали истиқомату будубоши гурезагони иҷбории тоҷик сафар намуда, аз он сӯйи марз низ репортажу мусоҳибаҳо таҳия намуд…

Гурезагони тоҷик тавассути Пешвои миллат зери шиори “То охирин гурезаҳои тоҷикро ба Ватан бармегардонем!” ба Ватан баргардонида шуданд ва гуруҳи эҷодии ТВТ таҳти сарварии Саидмурод Ҳасанзод ин корвонро низ наворбардорӣ мекарданд. “Вақти ба зодгоҳ расидани гурезагон фаромӯшнашуданӣ аст”,- мегӯяд бо гузашти солҳо ин журналисти соҳибтаҷриба ва идома медиҳад: “Мӯйсафеде ба замин парӯ фитода, зарраҳои гуҳарбори хоки Ватанро мебӯсиду мебӯйид ва сипас онро ба дидагонаш мемолид… Бародар бародари ғурбатии худро ба оғӯш мегирифт. Модарону хоҳарон ашкрезон дари кулбаҳои худро боз мекарданд…”.

Ин лаҳзаҳоро Саидмуроди Ҳасанзод чун пурбортарин солҳои кораш дар телевизион ба ёд меорад.

Аз соли 2003 баъди ба нафақа баромадан Саидмурод Ҳасанзод боз ҳам баҳри рушди кори телевизион ҳамчун масъули барномаҳои хабарӣ ва мураббии журналистони ҷавони ояндасоз дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” фаъолияташро идома дод.

Имрӯз, ба қавле давлати пирӣ меронад, вале бештари вақт дар қабзаи беморӣ аст… Вале хотираҳои гуворо аз фаъолияти 50-солаи корӣ ба ӯ нерӯ мебахшанд.

Маҳмадмуроди САЙДАЛӢ,

узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.