Нипаҳ-хатари ҷадид ба кишварҳои ҷаҳон

Бо хуруҷи нави вируси марговари Нипаҳ дар Ҳиндустон чанд кишвари Осиё чораҳои пешгирӣ ва назоратро пурзӯр намуданд.

Аз ҷумла, се кишвари Осиёи Марказӣ назорати тиббиро дар нуқтаҳои убури марз ба таври ҷиддӣ ба роҳ монданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бошад, изҳор дошт, ки дар кишвар манбаи табиии паҳншавии вирус вуҷуд надорад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) вируси Нипаҳро ба даҳгонаи бемориҳои аз ҳама хатарнок, дар баробари COVID-19 ва вируси Зика дохил кардааст. Вируси Нипаҳ метавонад ба инсон аз ҳайвонот, масалан аз хукҳо ва кӯршапаракҳо гузарад. Илова бар ин, он аз инсон ба инсон низ тавассути маҳсулоти ғизоии олудашуда интиқол меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *