Нисбати собиқ Прокурори генералии Ӯзбекистон парванда боз шуд

Алайҳи Отабек Муродови 44-сола, Прокурори генералии пешини Ӯзбекистон бо айбномаҳои «Сӯистифода аз мақом», «Порагирӣ» ва «Порадиҳӣ» парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Алайҳи Отабек Муродови 44-сола, Прокурори генералии пешини Ӯзбекистон  бо айбномаҳои «Сӯистифода аз мақом», «Порагирӣ» ва «Порадиҳӣ» парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи рӯзи 20 июни Додситонии кулли он кишвар Отабек Муродови ҳабсшуда, додситони кулли пешини Ӯзбекистонро аз ҳамаи унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум кард.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ахиран дар як ҷаласа хабар дод, ки нисбати Отабек Муродов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Инро чи хел фаҳмем? Ба маҳзи он ки мансаб мегиранд, тағйир меёбанд. Аз додситонҳои вилоятӣ то 100-150 ҳазор доллар пора талаб мекунанд. Ҳамаи кормандони додситонӣ ва андоз порахӯранд. Ман дар ин бора огоҳӣ дорам. Ман ба Муродов эътимод доштам», — гуфт Мирзиёев.

Президент афзуд, ҳамаи роҳбароне, ки нисбаташон парванда боз шудааст, муҷозот хоҳанд шуд.

«Ман чи гуна сармоя ҷалб мекунам, дар ҳоле ки дар додситонӣ фасодкорӣ мавҷуд аст? Сармоягузор дар бораи вазъи кишвар аз вакили порлумону узви ҳукумат не, аз соҳибкор мепурсад. Соҳибкор чи посух медиҳад? Посух медиҳад, ки ҳам додситонӣ, ҳам вазир порахӯранд. Ҳамаи роҳбарони пешин муҷозот мешаванд», — гуфт Мирзиёев.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.