Ташкили ситод ба ҷонибдорӣ аз Отамбоев

Ба манзури пуштибонӣ аз Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар назди манзили зисташ дар деҳаи Кой-Таш ситоде ташкил шудааст.

Ба манзури пуштибонӣ  аз Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар назди манзили зисташ дар деҳаи Кой-Таш ситоде ташкил шудааст. Дар ин бора узви Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) Одил Турдукулов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯбарӯи манзили зисти Отамбоев чанд хайма насб шуда, ҳамчунин хадамоти матбуотие таъсис ёфтааст, ки аз рӯзи 26 июн фаъолиятро оғоз хоҳад кард.

Турдукулов гуфт, «ситоди мардумӣ» зидди «беқонунӣ»-е ташкил шудааст, ки ҳоло дар Қирғизистон ҷараён дорад.

Додситонии кулли Қирғизистон 25 июн аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 20 июн хулосаи комисияи вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ кард. 100 вакили порлумон раъйи мусбат ва танҳо 5 тан раъйи манфӣ доданд.

Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон рӯзи чоршанбе ё панҷшанбе баррасӣ шавад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.