Португалия

Нокомии паҳлавонони Тоҷикистон дар Grand Prix Portugal

Дар аввалин мусобиқаи ҷудо дар соли 2023-юм, ки дар кишвари Португалия баргузор шуд, 580 варзишгар (344 мард, 236 зан) аз 83 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори роҳбарӣ кард.

Инҳо Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) Тоҷикистонро дар Grand Prix Portugal намояндагӣ карданд.

Дар вазни 66 кг Тоҷикистонро бори нахуст Обид Ҷебов муаррифӣ кард. Обид Ҷебов аз ду рақиб гузашт, вале дар даври сеюм аз Сардор Раҳимови туркман бо як вазарӣ шикаст хӯрд ва баромадашро ба поён расонд.

Дар вазни 73 кг Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввал бар Филлип Метелиус пирӯз шуда буд, дар даври дигар бо як вазарӣ аз Самуэл Гасснер бо вақти изофӣ шикаст хӯрд ва низ аз идомаи муборза бенасиб шуд.

Шодмон Ризоев дар вазни 81 кг дар даври аввал аз Заур Двалашвилӣ шикаст хӯрд ва аз Гран-при хориҷ шуд.

Дар вазни 81 кг Сомон Маҳмадбеков дар набарди аввал бо як вазарӣ Мануэл Родригесро мағлуб карда, дар даври дуюм бо як вазарӣ Аскербӣ Гербековро шикаст дод, вале дар муборизаи сеюм Геворг Манукян аз Маҳмадбеков зӯртар баромад.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кг дар даври дуюм бо як вазарӣ Самӣ Чоучиро шикаст дод ва дар даври сеюм бар Адам Борчашвилӣ пирӯз шуд. Ӯ дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Кристиан Тоз шикаст хӯрд ва ба даври тасаллӣ роҳ ёфт, вале аз Аксел Клерге шикаст хӯрд ва дар мақоми 7-ум қарор гирифт.

Дар ҳамин вазн Комроншоҳи Устопириён дар даври дуюм аз Ҷованни Феррейра шикаст хӯрд ва баромадашро ба поён расонд.

Дар вазни +100 кг Мансур Раҳмон дар даври аввал аз Ҷур Спайкейрс шикаст хӯрд ва баромади худро низ анҷом дод. Ҳамин тариқ, ҷудокорони тоҷик Гран-прии Португалияро бидуни медал анҷом доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *