Нозияи Кароматуллоҳ: Аз замин то осмонҳо шодам

Дар қатори чандин шахсиятҳои касбу кори гуногун ҳунарманди саршиноси эстрадаи тоҷик Нозияи Кароматуллоҳ низ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.

Маросими тақдими ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, дирӯз, 25-уми август дар Қасри миллат бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Нозияи Кароматуллоҳ баъди гирифтани мукофоти давлатӣ дар саҳифаи “Фейсбук” чунин навиштааст: “Сипоси бекарон ба Пешвои муаззами миллат, мардуми азизам ва тамоми ҳаводорон барои қадрдонии ҳунарам. Аз замин то осмонҳо шодам. Кӯшиш мекунам, ки ба поси ин қадрдониҳову эҳтиром бо илҳоми тозаи эҷодӣ посухи шоиста диҳам”.

Нозияи Кароматуллоҳ 34 сол дошта, зодаи шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Сипас дар шаҳри Деҳлӣ ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дохил шуда, соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Возможно, это изображение 1 человек и длинные волосы

Шуҳрати Нозия аз солҳои 2010 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст. Ҳунарнамоиҳои ӯ дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд.

Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошанд.

Аз соли 2006 Нозияи Кароматулло бо муҳандиси садо Олим Ширинов ҳамкорӣ дорад ва тақрибан ҳамаи сурудҳояшро дар студияи «JC Records Studio» сабт мекунад.

Соли 2007 дар озмуни рақси классикии «Kathak» дар Ҳиндустон ғолиб дониста шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.