Нурулло Алиев — аввалин фотеҳи UFC меҳмони “Тоҷикистон” ва Pressa.tj шуд

Нурулло Алиев — нахустин тоҷике, ки UFC — муътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши муҳорибаҳои омехта дар вазни сабукро фатҳ кард, имрӯз меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва барномаи “РӮ ба РӮ”-и ютубканали Pressa.tj шуд.

Ин варзишгари 22-сола, ки тахаллуси “Уқоби тоҷик”-ро дорад, санаи 26-уми феврал нахустин набарди худро дар UFC Vegas 70, ки дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Невадаи Амрико баргузор гардид, бо ғалаба ҷамъбаст намуд. Ӯ Рафаел Алвеси бразилиягиро мағлуб кард.

Нурулло Алиев зимни суҳбат дар барномаи “РӮ ба РӮ” аз монеаҳое гуфт, ки то расидан ба октагони UFC онҳоро пушти сар кардааст.

Суҳбати Нурулло Алиевро шоми имрӯз дар ютубканали Pressa.tj тамошо кунед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *