Нурулло Алиев

Нурулло Алиев нахустин набардашро дар UFC бо ғалаба ҷамъбаст кард

Варзишгари 22-солаи тоҷик Нурулло Алиев нахустин набарди худро дар мусобиқоти UFC — муътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук бо ғалаба ҷамъбаст намуд. Ӯ Рафаел Алвеси бразилиягиро мағлуб кард.

Набарди Нурулло Алиев ва Рафаел Алвес шаби 26-уми феврал дар мусобиқоти «UFC Vegas 70» дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи Амрико баргузор гардид.

Нурулло ба ҳарифи худ ҳам дар услуби кор ва ҳам дар маҳорат бартарият дошт. Дар раунди аввал Алвес ба ҳакамон шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст. Нурулло муҷозот шуд ва як имтиёз аз ӯ кам карда шуд. Размикори тоҷик муборизаро давом дод ва бо тасмими доварон ғалаба ба ӯ дода шуд.

Пас аз набард дар нишасти хабарӣ Нурулло гуфт: “Ман ангушти ӯро нагазидам. Ӯ ангушташро ба даҳони ман бурд ва ман хостам онро аз даҳонам берун кунам. Дар ҳамин вақт ангушти ӯ ба дандонҳои ман расид. Ӯ хаста шуд ва барои ҳамин ин корро кард. Идораи “Уқоби куҳӣ”-ро ҳис кард”.

Ин набарди 32-юми Алвес буд. Ӯ дар 20 набард ғалаба кардааст ва 12-тои онро бо мағлубият ҷамъбаст намудааст.

Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White’s Contender Series барои бастани шартнома бо UFC (Ultimate Fighting Championship — “Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар лаҳзаҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд ва роҳи ӯ ба UFC боз шуд.

Маводи муфассалеро доир ба роҳи тайкардаи Нурулло Алиев дар шумораи навбатии рӯзномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *