Оғози ҳамкории ДБССТ бо муассисаҳои олии Олмон

Донишгоҳи байналмилилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон талош дорад, ки таҳсили донишҷӯёни тоҷикро бо муассисаҳои олии Олмон ба роҳ монад. Бо ин мақсад ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода бо як ҳайат ба шаҳри Берлини Олмон сафар кардаанд.

Аз ҷумла,  8 –уми марти соли равон  намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректор Убайдулло Асрорзода бо муовини Президенти Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон мулоқот анҷом додаанд.

“Зимни суҳбат  масъалаҳои вобаста ба оғози ҳамкориҳо байни муассисаҳо, махсусан дар самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, IT- хизматрасониҳо, бизнес-маъмуриятчигӣ ва амсоли инҳо дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) баррасӣ гардиданд.

Возможно, это изображение 7 человек, люди сидят и люди стоят

Дар баробари ин, вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, интиқоли дониш, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии олимону муҳаққиқон ҷонибҳо гуфтушунид карданд”, — иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.

Гуфта мешавад, ки муқаррароти асосии созишномаи ҳусни тафоҳум байни ҷонибҳо мувофиқа карда шуд, ки дар доираи он табодули академии донишҷӯëн, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон аз рӯйи самтҳои болозикр дар доираи санадҳои меъëрии ҳуқуқии соҳаи маорифи ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.

Моро пайгири намоед дар Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.