Оғози рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон

Шоми 2-юми декабр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Чорабинӣ соати 17:30 оғоз гардида, дар он ҳунармандони чинӣ барномаи консертӣ баргузор карданд.
Ба гуфтаи Вазорати фарҳанг, дар ин рӯз Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Лу Инчун, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Чин дидору гуфтугӯ карданд. Ҷонибҳо дар масъалаҳои густариш бахшидани робитаҳои фарҳангии дуҷониба табодули назар кардан.
Меҳмонони чинӣ, ҳамчунин, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва қалъаи Ҳисор боздид кардаанд.

Ба иттилои манбаъ қарор аст рӯзи 4-уми декабр барномаи консертии ҳунармандони чинӣ дар шаҳри Бохтар доир гардад. Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон то 7-уми декабр идома хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ