Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз карда шуд.
Имрӯз, 11 декабри соли равон, бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ шуруъ гардид.


Ба мъракаи ниҳолшинонӣ аз ноҳияи Хуросон оғоз бахшида шуд.
Давлаталӣ Саид нақши ин ташаббусро дар беҳтарсозии муҳити зист ва зебоии маҳал таъкид карда, аз масъулин ва сохторҳои дахлдор талаб кардааст, раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати ҷиддӣ қарор бигирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.
Ба иттилои расида, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва гурӯҳе аз мутахассисону фаъолон дар доираи ин тадбири экологӣ дар канори шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Бохтар беш аз 1000 дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинониданд.


Мувофиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2026 – ум 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадфиҳанда ва беш аз 9 миллион дона гул шинонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *