Охирин ҷаласаи роҳбари ЮНЕСКО дар Самарқанд
Одри Азуле, директори генералии ЮНЕСКО барои иштирок дар ҷаласаи 43-юми Конфронси ЮНЕСКО ба Самарқанд омадааст. Барои ӯ, ки аз соли 2017 ин созмонро роҳбарӣ мекунад, ин ҷаласа охирин ҳамчун директори генералии ЮНЕСКО хоҳад буд.
Директори нави генералии ЮНЕСКО расман дар Самарқанд ба кор шуруъ мекунад. Ӯ Холид Ал-Анонии мисрии 54-сола аст, ки ба наздикӣ дар ҷаласаи 222-юми Кумитаи иҷроияи созмон дар интихобот пирӯз шуд.
Қобили зикр аст, ки иҷлосияи 43-юми Конфронси Генералии ЮНЕСКО аз 30-юми октябр то 13-уми ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Бори аввал дар чиҳил соли охир ин ҳамоиши ЮНЕСКО берун аз Париж баргузор мегардад.
Бо сабаби баргузории Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар Самарқанд роҳҳои вуруд ба ин шаҳр аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр баста аст. Дар ин давра шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд тариқи гузаргоҳи Сарзам-Ҷартеппа вориди Ӯзбекистон шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ