Омӯзгор бастаи китобҳоро ба замин партофту аз мақомаш барканор шуд (аудио)

Як омӯзгор дар Самарқанд барои бастаи китобҳоро ба замин партофтан аз мақомаш барканор шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он як омӯзгори мактаби ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд ба хонандагон китоб тақсим мекунад. Муаллима аз боло китоб мепартояд, гӯё садақа тақсим мекарда бошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Нуробод, ҳодиса дар мактаби миёнаи рақами 1 рух додааст. Маълум шудааст, ки роҳбари синфи 4-ум китобҳоро партофтааст. Гуруҳи махсуси корӣ ин ҳодисаро омӯхтааст. Дар натиҷа шартномаи меҳнатӣ бо муаллим бекор карда шудааст. Ғайр аз ин, директори мактаб, ки ба тақсимоти китоб масъул буд, аммо назорат намекард, аз вазифааш озод карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки имсол маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар Ӯзбекистон афзоиш ёфтааст. Дар ростои ин, волидон ба унвонии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шикоят карданд, то пеши ин бесарусомонӣ гирифта шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.