Ҷомаи суғдӣ 700 000 доллар меистад

Яке аз мӯътабартарин музоядаҳои дунё — Sotheby’s –  эълон кард, ки як ёдгори нодири бозмонда аз даврони салтанати Суғдиён – аҷдоди мардуми тоҷикро ба фурӯш гузоштааст. Дар эълони Sotheby’s гуфта мешавад, ки ин Кохи музоядаҳо дар фурӯши рӯзи 25 апрелаш барои як пироҳани абрешимии даврони Суғдиён мехоҳад аз 300 ҳазор то 500 ҳазор фунти Бритониё, ё зери 700 ҳазор доллар бирӯёнад.

Намояндаи Sotheby’s гуфтааст,ки  ин пироҳан як моли хеле нодир аст ва онҳо умедворанд, ки он ба қимати хеле болотар аз нархи пешниҳодиаш ба фурӯш хоҳад рафт: «Чунин молҳои нодир, бахусус либосҳое, ки 1200-1400 сол умр доранд, хеле ками дар кам боқӣ мондаанд. Инки ин пироҳани даврони Суғдиён зуд харидор пайдо хоҳад кард, ҷои шаке надорад. Чунин молҳои нодир зуд соҳиб пайдо мекунанд.”

Sotheby’s аз ифшои инки ин пироҳан то кунун дар дасти кӣ буд ва кӣ ва бо кадом далел онро ба фурӯш баровардааст, худдорӣ мекунад. Вале, гуфт намояндаи ин ширкати музоядаҳо, пироҳани суғдӣ то имрӯз хеле хуб ҳифз шудааст.

Дар эълони Sotheby’s дар шарҳи пироҳани қадимаи суғдӣ гуфта мешавад, ки он сохти асрҳои 7-9 буда,пешаш кушод ва гиребонаш кӯтоҳ буда, остин надорад. Ранги пироҳан кабуду тиллогин буда, бо як ҷавоҳирот дар шакли дил ороиш дода шудааст. Бари пироҳан дар ноҳияи китфҳо 67,4 сантиметр ва баландиаш бе гиребон 71 сантиметр ва бо гиребон 86,5 сантиметр аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *