Ҷоми Осиё-2019: Тоҷикистон Непалро бурид

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозии гурӯҳи “F” имрӯз, 5-уми сентябр, дар шаҳри Катманду баргузор шуд.

Тавре шореҳи маруфи варзиш Нарзуллоҳи Латиф иттилоъ додаст, ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дувуми меҳмононро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум, тӯбро бозигари мизбонон Бимал Ғартӣ Магар ба дарвозаи меҳмонон зада, ҳисобро тағйир дод.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нимаи аввали бозӣ чунин буд: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов.

Дар нимаи дувуми дидор се бозигари ҷавон — Эҳсони Панҷшанбе, Фирдавс Чақалов ва Муҳаммадҷони Ҳасан — футболбозони пуртаҷриба — Дилшод Восиев, Давронҷон Эргашев ва Фатҳулло Фатҳуллоевро иваз карданд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов чор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) – бозӣ карданд. Эргашев ба иллати латхӯрӣ дар дақиқаи 72-юм майдонро тарк намуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” пешсафи ҷадвал – мунтахаби Филиппин – дар майдони худ бо дастаи Яман, ки дар зинаи дувум қарор дорад, рақобат мекунад. Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо се имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар зинаи пешазохирин – севум — қарор дорад. Дастаи Непал бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар уҳда дошт, барпо гардид. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буданд.

Бозиҳои боқимондаи даври 4-уми гурӯҳи «10 октябр байниТоҷикистон – Непал ва Яман – Филиппин, даври 5-ум 14 ноябр миёни мунтахабҳои Тоҷикистон – Яман ва Непал – Филиппин, даври 6-ум 27 марти соли 2018  байни мунтахабҳои Филиппин – Тоҷикистон ва Яман – Непал баргузор мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *