Омодагии ҷавонон ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 (аудио)

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев марҳилаи ниҳоии омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард.

Ба ҳайат 25 бозигар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд. Дар дархости ниҳоии дастаи ҷавонони мо барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 23 бозигар ворид карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гуруҳи «I» баромад мекунад. Дастаи Тоҷикистон дар ин гуруҳ ҳамчунин бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Сингапур (14-уми сентябр), Лубнон (16-уми сентябр) ва Камбоҷа (18-уми сентябр) бозӣ мекунад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Вохўриҳо бо ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соати 20:00 оғоз мегарданд. Ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ўзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.