Орзу Исоев ҷияни вазир аст?

Салом! Ман Мадина, ҷавондухтари 21-солаи сокини шаҳри Душанбе мебошам ва мисли дигар ҷавонон вақтҳои холигиамро бо тамошои барномаҳои ҷолиб дар «Ютуб» ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронам. Ба ман махсусан барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев писанд аст. Блогеру журналистон хеле зиёданд, вале Орзу сабки худро дошта, барномаҳояш аз дигарон комилан фарқ мекунанд. Мегӯянд, ки Орзу пушту паноҳи зӯр дорад ва ҷияни кадом як вазир аст. Ин овозаҳо ягон асос доранд ё не? Илтимос, дар бораи Орзу Исоев ба мо — мухлисонаш каме маълумот диҳед.

МАДИНА, аз маҳаллаи 102-и шаҳри Душанбе

Посух:

— Хоҳари азиз, Мадинабону! Орзу Исоев ҷияни ягон вазир нест ва пушту паноҳи “зӯр” ҳам надорад. Ин ҷавони ба маънои томаш ҳунарманд бо шарофати истеъдоди Худодод ва донишу маҳораташ мавқеъ пайдо кардааст. Орзу Исоев зоҳиран хеле ҷавон менамояд, вале дар асл аллакай 46-сола шудааст. Орзу 14 -уми октябри соли 1976 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада бошад ҳам, давраи наврасию ҷавониаш дар шаҳри Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) гузаштааст.

Орзу ҳамагӣ 4 сол дошт, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд.  Азобҳои зиндаятимӣ Орзу Исоевро мисли пӯлод дар кӯрраи сӯзону пуроташи зиндагӣ обутоб дода, ба як ҷавонмарди қавиирода ва устувор табдил доданд. Ҳамин буд, ки ӯ бо қувваи худ роҳашро дар зиндагӣ пайдо намуда, бе ягон тағобозӣ ва пушту паноҳ, танҳо бо донишу маҳорати худ ба факултаи журналисткаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзда дохил шуд ва ин даргоҳи ҳунарро бо сари баланд хатм карда, дар оғоз ҳамчун ровӣ, сипас ба сифати журналист дар шабакаҳои гуногуни телевизион ва радио фаъолият намуда, оҳиста-оҳиста дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кард.

Орзу Исоев дар баробари журналист ва ровии машҳур буданаш ҳамчунин блогери шинохта буда, маҳорати баланди шеъргӯӣ низ дорад. Устодони шеъру каломи бадеъ ба эҷдиёти Орзу Исоев ҳамчун як шоири ҷавон баҳои хеле баланд медиҳанд. Чакидаҳои хомаи Орзу аз назари аҳли санъат низ дур намондааст. Машҳуртарин сарояндагони дохиливу хориҷӣ аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Меҳрнигор Рустам, Баҳодури Ғафурзод, Зулайхо Маҳмадшоева, Нигина Амонқулова, Юлдуз Усмонова, Озода Нурсаидова шеърҳои Орзу Исоевро ба оҳанг дароварда сурудаанд ва ин таронаҳо вирди забони мардум ҳастанд. Ана ҳамин тавр, шарт нест, ки инсон ҷияни кадом як вазир бошад, бе пушту паноҳ низ одам ба қуллаҳои баланд расида метавонад, агар мисли Орзу Исоев истеъдоди худодод ва азму иродаи қавӣ дошта бошад ва аз таҳти дил меҳнат карда, заҳмат кашад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.