Ошкори ҷиноят пас аз 25 сол дар Душанбе
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 19 ноябр дар сомонаҳои расмии худ навори мардеро пахш кард, ки мутаҳҳам ба паррондани ҳамкурсаш, дар соли 2000-ум мебошад.
Пулиси Душанбе аз ӯ Илёс Толиев ном бурда, гуфтааст, ки боздоштшуда ҳангоми таҳсил дар курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон 14-уми декабри соли 2000- ум бо таппончаи тамғаи “Star”, ба сӯи ҳамдарсаш Ситора Кенҷаева тир холӣ кардааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта муддати 25 сол аст, ки ранҷ мебарад ”, – гуфтааст пулиси Душанбе.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин муддат Илёс Толиев дар хориҷ аз кишвар пинҳон шуда, дар ҷустуҷӯй қарор дошт. Дар кадом кишвари хориҷа буданашро нагуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ