Ошкори 55 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Суғд
Дар вилояти Суғд давоми соли 2024-ум танҳо дар рафти гузарондани амалиёти «Кӯкнор» 55 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор карда шудааст.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Мақсуд Сафарализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти ӯ, дар натиҷаи амалиёти мазкур 65 килою 193 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки аз ин миқдор 6 килою 53 грамм навъи героин, 23 килою 478 грамм маводи нашъаовари афюн, 32 килою 806 грамм навъи бангдона ва 2 килою 856 грамм моддаҳои психотропӣ буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, дар умум 6 ҳазору 406 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар қиёс ба соли 2023 ошкори ҷиноятҳо 52 адад ё 0,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ин теъдод 123 ҷиноятро, ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ташкил медиҳад, ки ошкоркунии ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ бетағйир мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ