Овоза ва ҳақиқат: Хонандагони мактабҳо моҳи июн дарс мехонанд? (аудио)

Як модар бо  номи Ибодат Маҳмудова ба Pressa.tj занг зада мепурсад, ки “Охир ин чӣ гап аст, боз бачаҳои мо то охири моҳи июн дарс мехонанд. Вазорати маориф ҳар сол як дигаргунӣ медарорад. Имконияти ҷисмонӣ ва равонии синфҳои ибтидоиро ба назар намегиранд. Илтимос, коргарони Вазорати маориф, ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ раҳм кунед”.

Ҳамзамон, мавзӯи доғи шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз ҳамин масъала аст. Дигарон низ менависанд, мепурсанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ воҳима мехезонанд. Албатта, на ҳар падару модар метавонад бо масъулони вазорати маориф дар иртибот шавад ва воқеиятро фаҳмад. Pressa.tj ин масъулиятро ба дӯши худ гирифт ва бо Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон дар алоқа шуд. Телефони моро Бахтовар Сафаров, корманди маркази матбуоти ин вазорат бардошт.

Тавре ки ӯ шарҳ дод, соли хониш имсол  25-уми май ба охир мерасад.

 Бино ба иттилои  манбаъ, имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва гузаштан аз синф ба синф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои 3-10-уми июн баргузор мешаванд. Дар ин бора фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба тасвиб расидааст.

Бино ба фармоиши вазири маориф ва илм, машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 25-уми майи соли 2022 ва дар синфҳои 2-11 сарфи назар аз шакли моликияташон 1-уми июни соли 2022 ба анҷом расонида мешаванд. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва аз синф ба синф гузаронидани хонандагони 5-8 ва 10-11 аз 3-юми июн то 10-уми июн гузаронида мешавад.

anchomi-soli-tahsili-2021-2022

Ҳол он ки соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар д зимни ифтитоҳи як таълимгоҳ дар хитоб ба масъулини маорифи кишвар гуфта буд, ки таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст намоянд.

Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон дар Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *