Оё Укроин ба Лаҳистон мепайвандад?

Омодагӣ барои ҳамроҳ шудан бо Лаҳистон (Полша) дар қисмати ғарбии Украин оғоз шудааст, хабар дод дар Телеграм канали худ собиқ вакили Рада (парлумон) Иля Кива.

Аз рӯи гуфтаи ӯ яроқеро, ки Укроин аз Ғарб гирифтааст дар қисмати ғарбии мамлакат гузоштаанду аз ҳамонҷо бо Россия муқовимат мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки Украин дар ғарб ҷабҳа ташкил карда, як қисмати мамлакатро бо Лаҳистон бипайвандад.

«Ақида дорам, ки марҳилаи аввали пайвастани Украин бо Лаҳистон оғоз шуд. Пойтахт ба Лвов кучонда мешавад, сипас раъйпурсӣ сурат мегирад.»- гуфт Кива.

Қаблан хадамоти махсуси Украин шахсони бовариноки Киваро дастгир карда буданд. Онҳо барои гузаронидани тазоҳурот ба муносибати ҳодисоти хунини Украин, 2 майи соли 2014 дар Одесса омодагӣ медиданд. Худи собиқ депутат дар хориҷи Украин ба сар мебарад. Дар ин бора «Рамблер» хабар додааст, хабарнигор Е. Прошина.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *