Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони Донишгоҳи техникӣ

Санаи 15-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар доираи «Ҳафтаи илм» ва даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони донишгоҳ баргузор гардид.

Бино ба иттилои донишгоҳи мазкур, дар озмун беш аз 30 нафар ихтироъкорон ва навоварони ҷавон бо эҷодиёти амалии худ ширкат доштаанд.

Зимни озмун ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар суханронӣ намуда, аз эҷодиёти ҷавонони ихтироъкор дидан намудааст.

— Аъзои ҳакамон беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» интихоб карданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.