Паҳлавони ҷавони тоҷик аз Эквадор медали тилло овард

Паҳлавони ҷавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар Эквадор ширкат дошт, дар вазни зери 66 кило мақоми аввал, нишони тилло ва унвони Қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Эмомалӣ Нуралӣ дар финал ҳарифаш аз Ӯзбекистон Азизбек Ортиқовро, ки барандаи унвони Қаҳрамони Осиё дар соли равон мебошад, мағлуб кард.

Маврид ба ёдоварист, ки дар таърихи ҷудои ҷавонони кишвар ин дуввумин рӯйдоди олӣ аст. То ин замон Сомон Маҳмадбеков нахустин ва ягона Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон буд (2019, Марокаш, вазни 73).

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.