Паҳлавонони Тоҷикистон се медал ба даст оварданд

Қабл аз анҷоми Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия, паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷудо 3 медал — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг сазовор шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, дар чорякфинал бар варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар паҳлавони Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омад, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81 кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100 кг ба даст оварданд. Шодмон дар даври дуюм намояндаи Тунис Ҳачем Селамми, дар чорякфинал ҷудочии овозадори ўзбек Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин давр Шодмон аз намояндаи АМА Нугзари Туталашвилӣ мағлуб шуд. Ў сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари қирғиз Асад Масабировро мағлуб кард.

Абубакр ҳам дар даври аввал озод буд ва дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Ислом Бозбоев пирўз шуда, ба даври нимфинал баромад, вале дар ин давр аз варзишгари Ӯзбекистон Музаффарбек Турабоев мағлуб шуд ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ варзишгари покистонӣ Қайсар Хонро мағлуб кард.

Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 адад расид. Бозиҳо то 18-уми август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои куштии юнонӣ-римӣ, камонварӣ, вазнбардорӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.