Панҷакент расман шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ эътироф шуд


Фестивали байналмилалии “Сӯзании Панҷакент”, ки рӯзҳои 12-13 декабр идома дошт, бо баргузории маросими тақдими Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ ба шаҳри Панҷакент ва барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр хотима ёфт.


Шаҳри Панҷакенти бостонӣ расман шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ эътироф гардид.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси вилояти Суғд ҳозирин ва аҳли фарҳангу ҳунари кишварро аз номи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ин рӯйдоди муҳим шодбош гуфт.
Дар суханронии сардори раёсати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ, президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал- Қаддуми, директори департаменти Бозори ҷаҳонии ҳунармандӣ Надия Ҳамид ба феҳристи Шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандӣ шомил шудани шаҳри Панҷакент муҳим шуморида, он натиҷаи дастгирӣ ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.


Гуфта шуд, ки ҳунари сӯзанидӯзӣ дар ин шаҳри бостонӣ аз аҳди қадим, аз нақшҳо дар рӯи сафолу фулузот, деворнигораҳо ибтидо гирифта, тӯли асрҳо анъанаи нақшпартоӣ ва дӯхтани сӯзанӣ идома ёфта, бо эътирофи Панҷакент чун Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ оид ба сӯзанӣ барои ҷаҳониён чун ҳунари асилии миллати тоҷик муаррифӣ карда мешавад. Забони нақшҳои сӯзанӣ ба ҳама мардуми олам фаҳмост ва он таърихро барои имрӯзиён бозгӯ менамояд. Таъкид шуд, ки ҳоло дар Панҷакент беш аз 2500 нафар бонувон ба дӯхтани сӯзанӣ машғул ҳастанд.


Дар вазъияти тантанавӣ президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ ба раиси шаҳр Шаҳдатномаи узвияти шаҳри Панҷакентро ба феҳристи Шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандӣ тақдим намуд.
Дар интиҳои маросим барои иштирокчиён барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки тараннумгари ифтихор аз Ватан, ҳунари асили миллӣ ва дӯстию бародарӣ аст, пешкаш карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *