Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаримаҳо вазнинтар мешаванд

Аз 1 январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз 75 то 78 сомонӣ боло бурда мешавад. Бо афзоиши ин нишондиҳанда ҳаҷми ҷаримаҳо, андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳо зиёд мегарданд.
Ин меъёр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2026» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудааст.
Тибқи қонунгузорӣ, нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамчун асос ҳангоми муайян кардани ҳаҷми ҷаримаҳо барои қонуншиканиҳо истифода мешавад. Аз ин рӯ, бо тағйир ёфтани он, ҷаримаҳо барои бисёр қонунвайронкуниҳое, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинӣ шудаанд, аз соли 2026 бештар хоҳанд шуд.
Тағйирот ба ҳама гуна ҷаримаҳо ва пардохтҳое дахл дорад, ки бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *