Парвандаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба суд ирсол мешавад
Парвандаи чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Москва муттаҳам мешаванд, моҳи июни соли 2025 ба Суди ҳарбии Округи дуввуми ғарбии Русия фиристода мешавад.
Ҳамлаи террористӣ рӯзи 22 марти соли 2024 рух дода, бар асоси иттилои расмӣ, 145 нафар ҷон бохта, 695 тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон”*, бахши созмони ДОИШ бар дӯш гирифтааст.
Пас аз ин ҳамла, Русия сиёсати муҳоҷираташро сахттар карда, мавҷи эҳсосоти зидди муҳоҷирон дар ҷомеаи он боло шуд.
Тибқи гузориши созмони Human Rights Watch, муҳоҷирон дар Русия ба таъқиб, зӯроварӣ ва нафрати бегонаситезӣ рӯбарӯ шудаанд.
*дар Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ манъ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ