Парвиз Акрамзода: Таъсиси боз 7 000 ҷойи кор дар нақша дорем

Дар шаҳри Турсунзода як маркази бузурги савдо ва хизматрасониҳои тиҷоратӣ бунёд шуда истодааст, ки баъди ба истифода додани он зиёда аз 7 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ифтитоҳи марҳилаи якуми бино дар арафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст. Айни замон  дар ин маркази бузурги тиҷоратӣ зиёда аз 500 сохтмончӣ кор карда истодаанд. 

Дар ин бора Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти шаҳри Турсунзода таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ мебошад.

“Дар соли 2024-ум зиёда аз 2200 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин гардиданд. Таъсиси 120 иншооти гуногун, аз қабили дар майдони 26 га гармхонаи доимо амалкунанда бунёд карда шуд. Ин барои иловатан таъсис ёфтани ҷойҳои кори холӣ мусоидат мекунад”,-иброз дошт номбурда.

Зикр шуд, ки ҳоло дар шаҳри Турунсунзода зиёда аз 90 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунанд. Нисбат ба се соли қабл 32 корхона зиёд аст.

Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода боз бунёди 5 корхонаи саноатӣ идома дорад. Дар соли 2025-юм 3 корхона ва дар соли 2026-юм 2 корхонаи дигар ба истифода дода хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *